КП: 29 штат мехоҳанд аз ҳайати ИМА берун шаванд
Беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Амрико бо такя ба санади "Эъломияи мустақилият" хоҳиши аз ҳайати ИМА берун шуданро доштаанд.
“Комсомолская правда” менависад, ки беш аз 70 ҳазор сокини штати Техас дар сомонаи Қасри Сафед зери дархост барои аз ҳайати ИМА берун шудан имзо гузоштаанд. Ба дунбол муроҷиати сокинони Луизиана ва 27 штати дигар нашр гардидааст.
“Аз Барак Обама дархост шудааст, ки ба штат ҳаққи ба таври осоишта аз ҳайати ИМА берун шудан ва ё иҷозаи баргузории раъйпурсӣ дода шавад“,-навиштааст манбаъ.
“Комсомолская правда” феҳрасти штатҳоеро, ки тақозои берун шудан аз ҳайати ИМА-ро кардаанд, нашр кардааст. Инҳо: Флорида, Алабама, Индиана, Ню-Ҷерси, Королинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Монтана, Орегон, Миссури, Колорадо, Миссисипи, Мичиган, Кентукки, Теннесси, Дакотаи Шимолӣ, Ҷорҷия, Арканзас ва Ню-Йорк ҳастанд. “Баъди як рӯз Аляска, Калифорния, Невада, Аризона, Дэлавер, Вайоминг, Огайо, Оклахома ва Пенсилвания ҳам ба ин дархост ҳамроҳ шудаанд”,-хабар додааст “КП”.