Туркманистон имсол Наврӯзро бо 290-солагии Махтумқулӣ ҷашн мегирад
Чорабиниҳои асосии бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Туркманистон, фардо, 21 март баргузор мешавад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи кории ҳукуматаш, 17 март таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз дар сатҳи лозим гузаронда шавад. Дар ин бора хабаргузории давлатии TDH иттилоъ додааст.
Бино ба хабари манбаъ, соли равон Наврӯз бо чорабиниҳои бахшида ба 290-солагии Махтумқулӣ Фраги ҷашн гирифта мешавад.
“22 март бошад, дар Хонаи афсарони Вазорати дифоъ, марказҳои “Туркманистон”-у “Ватан” ва боғи “Илҳом” барномаҳои консертӣ гузаронда мешаванд”,-менависад TDH.