Суғд: Тамаъи 100 000 $ ба баҳонаи ҳимояи номуси ҳамсар
Мақомоти пулиси вилояти Суғд се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ва тамаъҷӯӣ аз тоҷири чинӣ муттаҳам мешаванд.
Тавре аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, боздоштшудагон - Оятулло Маҳмадуллоеви 32-сола, зодаи шаҳри Қўрғонтеппа, Алишер Зайниддинови 25-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ва Ӯғулой Баротоваи 23-сола, иқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар он муттаҳам мешаванд, ки тоҷири чинӣ, Маймайтийминг Хе Дайбейдии 39-соларо, ки дар бозори «Сомон»-и шаҳри Чкалов кор мекардааст, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум карда, маблағ талаб намудаанд.
Манбаи “Озодагон” гуфт, ин амал тибқи нақшаи тарҳрезишуда сурат гирифтаааст: «Моҳи ноябри соли 2013-ум дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд Ӯғулой Баротова ҳамсари ғайрирасмии Алишер Зайниддинов бо баҳонаи он ки гӯиё Маймайтийминг Хе Дайбейдӣ ба ӯ таваҷҷӯҳ дошта бошад, тоҷири чиниро ба ҳуҷраи иҷораирифтаи Алишер Зайниддинов даъват менамоянд. Баъдан, Оятулло Маҳмадуллоев ва Алишер Зайниддинов низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гӯиё ҳамсари худро муҳофизат карданӣ шуда, шаҳрванди Чинро лату кӯб менамоянд ва аз ӯ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ талаб мекунанд ва ӯро муддати 20 соат нигоҳ медоранд. Ҷабрдида пешниҳод менамояд, ки чунин маблағи зиёд надорад ва танҳо 10 ҳазор доллар дода метавонаду бас. Ин 3 нафар розӣ мешаванд ва бо воситаи Taxi барояшон пули лозима дастрас мегардад ва сипас, онҳо ба Маймайтийминг Хе Дайбейди таҳдид намуда, фишор меоранд, ки зуд қаламрави Тоҷикистонро тарк созад.»
Манбаъ афзуд, тоҷири 39-солаи чинӣ, ки баъди муддати фирор боз ба шимоли Тоҷикистон баргашта, ба мақомоти марбута аз ҷузъиёти ҳодиса арз мекунад.
Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, феълан аз рўйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 131 – «ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ» ва моддаи 250 – «тамаъҷўӣ», боз гардида, тафтишот идома дорад.