Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Наврӯз ҷашни мазҳабӣ набуду нест!"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки ин ҷашн ҳаргиз иди мазҳабию ақдидавӣ набуду нест.
Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 19 март ҳангоми суханронияш дар ифтитоҳияи мактаби рақами 8 шаҳри Душанбе изҳор дошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “ҳазорсолаҳо талош карданд, то монеи пешвози ин ҷашн шаванду онро аз байн бибаранд, аммо натавонистанд. Бо вуҷуди баъзе монеаҳо, ин ҷашн дубора аз нав эҳё гардиду аз байн нарафт. Бо хун омадааст, меравад!”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз сокинони кишвар даъват кард, дар иди Наврӯз кинаву кудурат ва бадбиниро аз дилҳо берун кунанду дунболи хурсандию хушҳолӣ бошанд: “Ман ҳисоб кардам, мардуми тоҷик дар як моҳ тақрибан ду ё се ид орад, Худо аз ин ҳам идҳоро зиёдтар кунаду доимо дар Тоҷикистон хурсандию хушҳолӣ бошад.”