Корхонаи давлатӣ 900 оиларо дар Душанбе бо манзил таъмин мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ифтитоҳи мактаби миёнаи рақами 8, имрӯз, 19-уми март бо рафти бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе шинос шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ду бинои истиқоматии 12-ошёна ва як бинои маъмурии Кумитаи андози Тоҷикистон иштирок кардааст.
Манбаъ афзуд, раисиҷумҳур шахсан бо рафти сохтмони 10 бинои аз 16 то 18-ошёна ва лоиҳаҳои сершумори биноҳои дар шаҳри Душанбе сохташаванда шинос шудааст: “Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар 10 бинои бисёрошёна, ки аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Манзили дастрас” дар хиёбони Сино бунёд меёбад, 900 оила соҳиби хона мешаванд.”