ФМС: Вуруди тоҷикон ба Русия коҳиш ёфтааст
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, вуруди муҳоҷирони кории тоҷик ба қаламрави кишвараш давоми ду моҳи охир нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 23,4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Константин Ромодановский, раҳбари ин ниҳод гуфтааст, то 7 марти соли ҷорӣ беш аз 201 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ин нишондод дар ҳамин давраи муайяни соли гузашта 260 ҳазор нафарро ташкил медодааст: “Ҳудуди 61,4 ҳазор муҳоҷири тоҷик кам омадааст.”
Ромодановский мегӯяд, дар умум дар давоми ду моҳи охир вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 дарсад кам шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз аввали соли ҷорӣ то 7 март аз Узбакистон 204 ҳазор, Қирғизистон, 41,9 ҳазор ва аз Озарбойҷон 55,4 ҳазор нафар ба ин кишвар сафар кардаанд.