Даъвати Раҳимзода аз собиқ кормандони пулиси Кӯлоб
Раҳимзода Рамазон, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз собиқ кормандони ин ниҳод даъват кардааст, дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ба онҳо кумак кунанд.
Раҳимзода рӯзи 17 марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо собиқадорони мақомоти дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтааст, нақши онҳо дар тарбияи насли наврас назаррас мебошад.
Собиқ кормандони мақомоти умури дохилии ин минтақа низ гуфтаанд, барои ҳифзи амну суботи кишвар омода буда, пайваста алайҳи ҷинояткорӣ дар кишвар бо маъмурини пулис ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Кулоб қарор дошт, аз қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, воқеъ дар ин минтақа боздид карда, барои рафъи баъзе камбудҳо дастур додааст.