Қонунӣ ба ҷои Маршал Фаҳим муовини Карзай таъйин шуд
Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба ҳайси муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар таъйин гардид.
Тибқи иттилои Tolonews, Қонунӣ ба ин симат бо дастури Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи 18 март дар пайи нишасти раҳбарони сиёсии ин кишвар дар Кохи раёсати ҷумҳур таъйин гардидааст. Қонунӣ яке аз тоҷиктаборони Афғонистон ва наздикони Аҳмадшоҳ Масъуд ба шумор рафта, дар гузашта ба ҳайси вазири умури дохилӣ, вазири маориф ва раиси парлумони кишвараш ифои вазифа кардааст. Ӯ дар ин симат Муҳаммадқосими Фаҳимро иваз кард, ки рӯзи 9 март бар асари сактаи қалб аз дунё даргузашта буд.
Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, ки яке аз пешвоёни маъруфи тоҷиктаборони Афғонистон будт, соли 1957 дар Панҷшер ба дунё омадааст. Вай то ин дам аз чанд сӯиқаcд, ки гуфта мешавад Толибон анҷом додаанд, ҷон ба саломат бурда буд. Муҳаммадқасими Фаҳим баъд аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳии кулли нерӯҳои давлатӣ ва муқовиматро бар дӯш гирифт. Ӯ пас аз баргузории Конфронси Бонн ва эҷоди идораи муваққат, ба ҳайси муовини аввали раиси идораи ин ниҳод ва вазири дифои миллии Афғонистон таъйин шуд. Дар давоми худи ҳамин сол оқои Фаҳим ба хотири хидматҳои шоён ва ва нақшҳои ҳамаҷонибаи худ дар озодии Афғонистон рутбаи баланди низомӣ - Маршалро соҳиб гашт.
Маршал Муҳаммадқасим дар пайи баргузории нишасти изтирории Луйи Ҷирга барои бори дуюм ба ҳайси муовини аввали раисиҷумҳур ва вазири дифои миллии Афғонистон интихоб гардид. Дар интихоботи дуюми раёсати ҷумҳури Афғонистон оқои Фаҳим симати муовинии аввали Ҳомид Карзайро соҳиб шуда, баъд аз пирӯзии Карзай дар интихобот ба ҳайси муовини аввали раисиҷумҳур қасами вафодорӣ ёд кард. Муҳаммадқасими Фаҳим дар баробари забони дарӣ, бо забонҳои арабию пашту низ ҳарф зада, ҳоло аз ӯ 12 фарзанд боқӣ мондааст.