Манъи донишҷӯён аз намози ҷумъа ва кушодани масоҷид дар муассисаҳо
Донишҷӯёни макотиби олии Туркманистон ҳушдор гирифтаанд, ки агар дар рӯзҳои таҳсил дарсро монда, ба намози ҷумъа раванд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.
Тибқи иттилои “Хроника Туркменистана”, охири ҳафтаи гузашта масъулини донишгоҳҳои ин кишвар бо фармони шифоҳӣ рафтани донишомӯзон ба масоҷиди ҷомеъро ҳангоми соатҳои дарсӣ манъ кардаанд.
Яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Ашқобод, бидуни ифшои номаш ин хабарро дар суҳбат бо “Хроника Туркменистана” таъйид карда, гуфтааст, “декани факултет охири ҳафтаи гузашта ҳамаи донишҷӯёнро ҷамъ карду гуфт, агар аз дарс гурехта ба намози ҷумъа равед, аз донишгоҳ хориҷ мешавед.”
Дар ҳамин ҳол, кормандони бархе аз муассисаву корхонаҳои давлатии Туркманистон низ гуфтаанд, ин гуна ҳушдор ба онҳо низ дода шудааст. Ба гуфтаи эшон, дар аксар корхонаву муассисаҳои давлатии ин кишвар макони ибодат ҷудо карда шудааст, то кормандон аз коргоҳ берун нараванду ибодати худро дар онҷо анҷом диҳанд.