Кушта шудани Узбакӣ дар ҷанг алайҳи ҳукумати Башшор Асад
Расонаҳои хабарии Сурия аз кушта шудани Сайфуллоҳ Узбакӣ, шаҳрванди Узбакистон аз сӯи неруҳои ҳукуматӣ дар ҷануби ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Узбакистон рӯзи 17 март дар задухурдҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар шаҳри Димишқ ба ҳалокат расидааст. Сайфуллоҳ Узбакӣ, ки аз ӯ ҳамчун ҷангҷӯи зархарид ном бурда шудааст, раҳбарии яке аз гуруҳҳои 50 нафарии марбут ба “Артиши муҷоҳиддин”-ро бардӯш доштааст, ки муташаккил аз ҷангҷӯёни афғону покистонӣ ва чечен мебошад.
Расонаҳои сурӣ мегӯянд, ин шаҳрванди Узбакистон дар гузашта ҳамчун “намоянда”-и Созмони террористии “ал-Қоида” дар ҷангҳои Афғонистону Ироқ, Яман ва Покистон иштирок карда буд.
Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангези минтақавӣ ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Узбакистону Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд.
Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳасун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад. Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон низ се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ба муҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард.