Оғози инъикоси фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сар аз имрӯз, 17-уми март фаъолияти рӯзмарраи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ инъикос хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ сар аз имрӯз сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон - www.president.tj дорои бахши арабӣ ва шакли мобилӣ гардид. Бо пахши ин хабар дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид мекунад, ки president.tj акнун чорзабона шуда, қонун хабарҳо, маводи иттилоотию таҳлилӣ доир ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон минбаъд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пешкаш мегардад.
Манбаъ илова намуд, ки бо фаъолшавии шакли мобилии сомона пайгирии фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон тариқи телефонҳои ҳамроҳ ва планшетҳо басо мувофиқу осон гардид.
Бори аввал сомонаи president.tj моҳи октябри соли 2005 фаъол гардида дар ин миён чанд бор қисман мукаммалу навсозӣ шуда, моҳи августи соли 2012 бо назардошти дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифт.
Сомонаи president.tj аз бахшҳои асосӣ, вохӯриҳо, суханрониҳо, сафарҳои дохилӣ, сафарҳои хориҷӣ, фармонҳо, паёмҳо, барқияҳо, суҳбатҳои телефонӣ, аксҳо, нома ба Президент ва ғайра иборат аст.