ВУД: Куштори хонавода дар маркази Душанбе барои арақ сар задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия куштори шаби 14 ба 15-уми мартро дар маркази Душанбе шарҳ дода, таъкид намудааст, ки он дар заминаи муноқиша барои арақ сар задааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ шаби 14 ба 15-уми марти соли 2014 гумонбарони ин куштор, Корич Дмитрийи ва Чайкин Дмитрий, ки ҳар ду 40 сол ва доғи судӣ доранд, барои харидани арақ ба хонаи Акобиров Ашуралӣ омада, дар пайи муноқиша ӯро бо корд ба ҳалокат мерасонанд: “Дар ин ҳол писари мақтул, ноболиғ Акобиров Ҷовидон, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №65, ба назди падараш давида меояд. Корчин Дмитрий ба ҷони ҷавони Ҷовидон низ раҳм накарда, ӯро бо корд аз ҳаёт маҳрум месозад.”
Вазорати умури дохилӣ илова намуд, зане, ки дар ин муноқиша маҷруҳ шудааст, на ҳамсари соҳибхона, балки иҷоранишин будааст: “Дастгиршудагон иҷоранишини ин хонавода Солиева Каромат Самиевна соли таваллудаш 1959-ро низ 8-маротиба бо корд маҷруҳ карда ва хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”
Манбаъ таъкид намуд, ки Солиеваи 55-сола ҷон ба саломат бурда, феълан дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ мебошад. Ин ниҳод афзуд, ки аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.