Барак Обама: ИМА натиҷаи райъпурсии Қримро эътироф намекунад
Барак Обама, президентит Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар як суҳбати телефонӣ ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ гуфтааст, ки натиҷаи раъйпурсии Қрим “ҳеч гоҳ аз сӯи ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намешавад”. Дар ин бора дафтари матбуотии Қасри Сафед иттилоъ додааст.
Бино ба хабари ИТАР-ТАСС, президенти Амрико бори дигар таъкид намудааст, ки овоздиҳии Қримро дар мавриди мақоми ин нимҷазира “нақзи қонуни асосии Украина” медонад.
16 март дар дар ҷумҳурии мухтори Қрим раъйпурсӣ баргузор шуд. Тибқи хабарҳои расида дар ин овоздиҳӣ 93 дарсади иштирокдорон ба тарафдорӣ аз пайвастани нимҷазира ба Русия раъй додаанд.
Мақомоти кунунии Украина гуфта буданд, ки раъйпурсӣ ғайриқонунӣ буда, натиҷаҳояшро эътироф нахоҳанд кард.