Лимити шадиди барқ дар арафaи Наврӯз боз дари мардумро "кӯфт"
Лимит ё реҷабандии маҳдуди нерӯи барқ, ки аз оғози моҳи март, “муваққатан” бекор шуда буд, дубора ҷорӣ шудааст.
Бархе аз сокинон навоҳии тобеи марказ мегӯянд, чанд рӯз аст, ки неруи барқро бо реҷаи хеле маҳдуд мегиранд. “То моҳи март субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шабона аз соати 17:30 то 21:00 неруи барқ мегирифтем, ҳоло субҳ аз 6:00 то 8:00 ва шабона аз 18:00 ва аз ин ҳам дертар то 21:00 барқ медиҳанд”,-гуфт як нафар дар суҳбати телефонӣ, ки худро Бахтиёр муаррифӣ кард.
Аз ширкати “Барқи тоҷик” ба “Озодагон” далели маҳдуд шудани лимити барқро дар “каме мушкилии фаннӣ” ва коҳиши оби обанбори НБО Норак рабт дода, гуфтанд, то ҷашни Наврӯз реҷабандии барқ комилан аз миён хоҳад рафт.
Шурӯъ аз оғози моҳи март аҳолӣ бо неруи бештари барқ таъмин буданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” он вақт гуфта буд, лимитро барҳам надодаанд, танҳо дар доираи имконият ба аҳолӣ барқ медиҳанд. “Агар ҳаво сард шавад, боз лимит оғоз мегардад”,-гуфта буд сухангӯи “Барқи тоҷик”.