“Истиқлол” бо легионери 25 солаи узбак қарордод баст
Қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе бо Даврон Мирзоев, ҳамлагари узбак қарордод бастааст.
Муҳлати шартномаи клуб бо бозигари 25 солаи узбак то охири соли ҷорӣ нигаронида шудааст. Ба иттилои торнамои расмии ”Истиқлол” Мирзоев аллакай ба тамринҳо дар ин даста шурӯъ кардааст.
Даврон Мирзоев 8 феврали соли 1989 таваллуд шудааст. Ӯ дар клубҳои “Пахтакор”-и Тошканд, “Рубин”-и Қазон ва “Нефтехимик”-и Нижнекамск бозӣ кардааст.