Назарбоев китобхонаи аввалин президенти Қазоқистонро таъсис дод
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон зери амре имзо гузоштааст, ки дар асоси он муассисаи давлатии “Китобхонаи президенти аввалини Қазоқистон-пешвои миллат” таъсис мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, китобхонаи мазкур дар чорчуби муассисаи давлатии илмӣ-таҳлилӣ ва гуманитарии “Маркази Назарбоев” фаъол хоҳад шуд.
“Муассисаи давлатии “Китобхонаи президенти аввалини Қазоқистон-пешвои миллат” бо ҳадафи таъмини фаъолияти китобхона ва хазинаи шахсии нахустин раисҷумҳури кишвар таъсис шудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.