"Дар сояи мунофиқони ҲНИТ": Филми нав алайҳи наҳзатиҳо дар Ютуб (ВИДЕО)
Дар шабакаи Ютуб имрӯз, 15-уми март зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” филме нашр шуд, ки дар он Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкори асосии даргирии солҳои 90-уми Тоҷикистон ва нерӯи нооромкунандаи ҷомеаи муосири тоҷик арзёбӣ шудааст.
Дар ин филм, ки зери тамғаи “фронт.тв” паҳн гардидааст, аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, пайравони ҲНИТ айбдор карда мешаванд: “Ҷангиёни наҳзатӣ бо симои ваҳшиёнаи хунгирифта, бо ришу фаши бадҳайбат автоматро дар китф мегузоштанду қонунро зери пой мекарданд.” Инчунин аз собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ризвон Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов ёд шуда, бо гирифтани номи Абдуллоҳ Раҳимов (Муло Абдуллоҳ), Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) бо бародараш Ҳусниддин Давлатов дар якҷоягӣ “дастпарвардаҳо”-и ҲНИТ хонда мешаванд.
Муаллифони ин филм, аз ҳодисаҳои Баҳори арабу Украина ва задухурди мусаллаҳонаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон низ ном гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки “ҳоло замоне расидааст, ки абарқудратҳо ба ҳаракатҳои ба мисли ҲНИТ такя карда, барои манфиати геопалитикии худ кишварҳоро тақсим мекунанд.”
Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат гӯиё ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи сустирода ба монанди Наҳзат таҳти фикру андешаи гуруҳҳои ифротии хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби дохилию кашмакашиҳои мусаллаҳона рӯбарӯ карданд." Инчунин иддаои масъулини ҲНИТ дар бораи фишори мақомот рад шуда, таъкид мегардад, ки гузоришҳои телевизионии мақомоти амниятӣ дар бораи ҷинояткории наҳзатиҳо бодалел ва асосноканд.
Нашри ин навор дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми март ҲНИТ ба хотири шаҳидон ҳамоиши ҷумҳуриявии “НУР”-ро баргузор кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни он гуфт, ҳоло ҳар кас худро қаҳрамони сулҳ меҳисобад ва ҷониби дигарро сиёҳ мекунад. Кабирӣ зарур хонд, ки дар даргирии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб эҳсоси масъулият кунанд ва ба ҷои якдигарсиёҳкунӣ пешниҳод кард, ки дар кишвар як рӯзи тавба эълон гардад. Кабирӣ ҳамчунин хост, рӯйхати шаҳидони ин даргирии шаҳрвандӣ таҳия шавад ва хотири онҳо пос дошта шавад.