Иқрори Қодири Қосим дар парлумон: Мо ақиб мондем! (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Қодири Қосим, раиси навтаъини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, эътироф намуд, ки бо вуҷуди қабули қонунҳои зиёд амалан Тоҷикистон дар умури соҳибкорӣ аз бисёри кишварҳои ҷаҳон қафо мондааст.
Қодири Қосим зимни муарифии лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” дар назди вакилони мардум гуфт, ки аз буҷаи кишвар дар соли ҷорӣ барои ҳимояи молӣ аз бахши хусусӣ ва тоҷирони инфиродӣ 30 милион сомонӣ ихтисос дода шудааст. Ба гуфтаи Қодири Қосим қабули қонуни нав дар бораи дастгирии соҳибкорӣ барои рушди бахши соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, “аз соли 2002 дар баробари қабули санад дар мавриди ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, қонун “Дар бораи ба қайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ”, қонун “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” ва қабули кодекси андозу гумрук дар таҳрири нав заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро ба вуҷуд овардаанд.”
Қодири Қосим дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, ки қабули Барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 низ як қатор афзалиятҳоро барои соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ кардааст.
Исмоил Талбаков, вакили парлумон дар тақвияти суханони раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки қабули санади мазкур барои баланд бардоштани рейтинги Тоҷикистон дар феҳрастҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. “Мо ба як банди лоиҳаи ин қонун ибораи “рейтинг”-ро ворид кардем, чунки шароит барои беҳтар кардани фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкилоти молиявии байналмиллалӣ ва грантдиҳандагон фароҳам оварда шудааст. Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ба афзоиши иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард”, гуфт Исмоил Талбаков.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди қабули асноди зиёд вазъи соҳибкорӣ ва ҳимояи сармоя чандон рушд наёфтааст. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки соли гузашта дар рейтинги озодии соҳибкорӣ, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва корпоратсияи байналмилалии молӣ таҳия мешавад, Тоҷикистон дар миёни 180 кишвари ҷаҳон ҷойи 143-юмро ишғол кард. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ ин ҳам дар ҳоле, ки солҳои қабл Тоҷикистон дар ин феҳраст ду зина болотар қарор дошт: “Тоҷикистон аз руйи се нишондод-сабти номи корхонаҳо, эҳтимоли эълон шудани муфлис ва ҳимояи сармоя ақиб рафтааст. Савол ҳам ин аст, ки чаро вақте мо қонунгузориҳои хуб дорем, ки бояд сармояро ҳимоя ва рушди соҳибкориро таъмин бикунанд, вале Тоҷикистон сол ба сол аз руйи ин нишондодҳо ба ақиб меравад ва миёни кишварҳои пасошуравӣ дар зинаи поёнтарин қарор дорад?”
Роҳбари ҲНИТ гуфт, ки шояд баъзеҳо баҳогузориҳои Бонки Ҷаҳониро субъективӣ бигӯянд, аммо гузориш ва омори дохилӣ ҳам ҳокӣ аз он аст, ки дар соли гузашта соҳибкорони бештар фаъолияти худро қатъ кардаанду ин тамоюл идома дорад.
Дар посух ба ин пурсиши вакили парлумон, Қодири Қосим, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки воқеан ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ санадҳои зиёдеро қабул кардааст ва ба сифати далел аз барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 мисол овард. “Воқеан Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 дар феҳрасти мазкур ҷойҳои хубро ишғол карда буд. Аммо дар соли 2012-2013 мо аз руйи се нишондод поён фаромадем. Дар ҳоли ҳозир барои ислоҳ мо корҳои заруриро андешида истодаем. Бояд гуфт, ки мо дар назди кумита Маркази дастгирии бахши хусусиро таъсис додем”, илова намуд Қодири Қосим.
Роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки дар соли сипаришуда барои дастгирии соҳибкорӣ ба 26 субъекти соҳибкорӣ бо маблағи зиёда аз 28 миллион сомонӣ кумак карда, дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлатӣ барои дастгирии соҳибкорон 30 милион сомонӣ дар назар аст. Қодири Қосим гуфт, ки албатта ин маблағи кофӣ нест, аммо корҳо идома доранд.