Сониҳаи нақлиётӣ бойиси марги пиёдагарди 60-сола гардид
Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як кушта ба ҷой гузошт.
Тибқи иттилои РБДА, шоми дирӯз тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи «ГАЗ 24 -10» Шерзод Собирови 22- сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Зафаробод-Хуҷанд дар километри 15-уми роҳ дар ҳудуди деҳаи Меҳнатобод аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Неъмат Ахмедови 60 соларо зер намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи нақлиёти номбурда пас аз чанд соат аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир гардидааст.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ҳалок шуда 9 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифта, дар касалхона бистарӣ гардидаанд.{jathumbnail off}