Раиси Хатлон хисороти сӯхтори “Саховат”-ро мисоли ибрат гуфт
Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, бозори сӯхтаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб дубора барқарор шуда, барои қабули тоҷирону харидорон пурра омода аст.
Ба иттилои манбаъ ин бозор баъди ду моҳи пас аз сӯхтор бо харҷи 3 миллион маблағи “Тоҷикматлубот” таъмиру навсозӣ гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси Хатлон бо ишора ба сӯхтори зараровари “Саховат” аз тоҷирон даъват намуд, ки молу сармояи худро суғурта кунанд ва дар истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд.
Дар пайи сӯхторе, ки шаби 12 ба 13 январи соли равон дар бозори Кӯлоб сар зад, беш аз 400 нуқтаи савдо ба коми оташ рафт ва 668 соҳибкор хисороти молӣ дида буд.