Укроин узвияташ дар ИДМ-ро бекор мекунад?
Агар мақомоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба муроҷиати Вазорати умури хориҷии Укроин ҳеч таваҷҷуҳе накарда, дар ҳалли қазияи ин кишвар кумак накунад, пас онҳо барои чӣ лозиманд? Ин нуктаро Андрей Дешитса, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Укроин изҳор доштааст.
“Агар муроҷиати мо ба кумитаи иҷроияи ИДМ дар мавриди баргузор намудани ҷаласаи изтирорӣ бидуни посух монад ва ин ҳам дар ҳоле ки яке аз кишварҳои ҳамсоя ба давлати дигар ҳамлаи мусаллаҳона кардааст, пас чунин созмон чӣ зарурат дорад?”-гуфтааст Дешитса дар суҳбат ба радиои “Эхо Москва”.