Боздошти муттаҳамон ба куштори духтари синфи 11 дар Рӯзи модарон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштори Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11-и мактаби 66-и Душанбе, ки рӯзи 8-уми март, тақрибан соати 19:30 сурат гирифтааст, ду сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҷасади Раҳимова дар хонаи истиқоматияш бо 17 ҷароҳати халандаю буранда дар қафаси синааш дарёфт карда шуд.
Ин ниҳод афзуд, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Амиршоев Самандар Султонбекович соли таваллудаш 1989 ва Абдуғаффоров Саъдӣ Абдуғаффорович соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардиданд ва аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.