Арабистон барои ихвониҳо иҷоза медиҳад, ҳаҷ ва умра кунанд
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мегӯяд, дарвозаҳои ин кишвар ба рӯи пайравони Ҳаракати Ихвонулмуслимин, ки қасди зиёрати хонаи Каъбаро доранд, боз аст.
Аҳмад ал-Ҳайдан, сухангӯи Саридораи шиносномадиҳии Арабистон гуфтааст, ҳар нафаре, ки аз вуруд ба ин кишвар маҳрум аст, метавонад, танҳо барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра вориди шаҳри Макка шавад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо ба шахсоне раводид ё иҷозаи вуруд ба Арабистони Саудӣ дода намешавад, ки дар ин бора дархости махсус дар робита ба ягон қазияи муайян шуда бошад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти саудӣ ахиран дар пайи тартиб додани руйхати нави ҳаракатҳои фаъолияташон дар ин кишвар мамнуъ, Ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро расман созмони “террористӣ” эълон карданд.
Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди мисрӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.
Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак дубора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис доданд. Дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, нахустин раисиҷумҳури мардумӣ дар таърихи ин кишвар эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.