IRS ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷандро манъ кардааст
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), эълон кардааст, ки ба далели масоили амниятӣ ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шудааст.
Умед Табаров, як масъули IRS дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи гармшавии ҳаво ва хавфи фаромадани тарма ҳаракати воситаи нақлиёт аз соати 10-и имрӯз, 13-уми март аз километри 42 то 100-уми минтақаи Ҳушёрӣ - Такфон манъ аст.
Ба гуфтаи Табаров ин қарор дар паи ҳушдори обуҳавошиносон гирифта шудааст ва эҳтимол манъи ҳаракат то фардо, 14-уми март идома ёбад: “Ба мо гуфтанд, ҳоло хавф вуҷуд дорад ва то пагоҳ мебинем, агар бартараф шуд, роҳро мекушоянд”.
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин ширкат фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба он сабукиҳои зиёдеро қоил шудааст.