Эшони Маҳмудҷон дар бораи талоқ тавассути телефон
Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми талоқ тавассути телефонро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, онро раво хондааст.
Ӯ дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии Тураҷонзодаҳо гуфтааст, “талоқ ба воситаи телефон воқеъ мешавад.” Ин рӯҳонии саршиноси тоҷик дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, талоқ тавассути телефон дар ҳоле амалӣ мегардад, ки шахсияти талоқкунанда барои ҳамсараш ба куллӣ исбот шавад: “Садо бо садо хеле шабоҳат дорад, шояд, шахси тақлидкоре бо ғарази бад занеро аз номи шавҳараш талоқ кунад.”
Ин дар ҳолест, ки бо рушд ёфтани воситаҳои иноватсионӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои зиёди талоқ тавассути телефони мобилию смс ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти зиррабти тоҷик ба хотири ҷилавгирӣ аз ин раванд борҳо пешниҳод карданд, то талоқ тавассути телефон, аз ҷумла смс манъ карда шавад.
Вале Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ қаблан дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ талоқ тавассути телефон ё смс ҷоиз аст.