Қосими Роҳбар ба мубориза бо малах оғоз бахшид
Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни ҷаласаи нахустини ситоди мубориза бо малах дар соли 2014 дастур додааст, ки дар ҳар навоҳии кишвар гуруҳҳои махсуси зидди малах ташкил гарданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мусбориза бо малах намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Агентии хоҷагии ҷангал ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа ҷалб мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои эмин нигоҳ доштани полезу токзорҳо корхонаи воҳиди махсуси зидди малах ташкил шудааст, ки ҳамасола зидди зараррасонҳо мубориза мебаранд.