Фирори падар баъди қарори додгоҳ дар бораи алиментпулӣ
Меликов Парвиз, як сокини Душанбе баъди шунидани қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи пардохти 2 ҳазор доллар алиментпулӣ барои ду фарзанди ноболиғаш ба самти номаълум ғайб задааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Меликов Раҳимқул, падари Парвиз хабар дода, афзуд, ки феълан иҷрочиёни суд барои рӯёндани алиментпулӣ ба хонаи онҳо омада, аз онҳо маблағ талаб доранд.
Меликов Раҳимқул афзуд, ки ҳаҷми зиёди алиментпулӣ дар ҳоле аст, ки писараш дар ягон ҷо кор намекард: “Танҳо як муддати кӯтоҳ дар Агентии зидди фасод кор мекард, ки ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегирифт.”
Меликов мегӯяд, феълан барои кӯмак ба ҳуқуқшинос муроҷиат кардааст, то дар ҳалли ин қазия ба оилаашон ёрӣ кунад.