Куштии наврӯзӣ дар Душанбе паҳлавононро ба ҳам меорад
Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон мегӯяд, бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз дар Душанбе мусобиқаи калони идона аз рӯи намудҳои гуногуни куштӣ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои ин Кумита мусобиқаи куштии тарзи озод рӯзҳои 15-16-уми март ва куштини юнону румӣ миёни калонсолон 22-23 март доир хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқа ширкати дастаҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт дар назар буда, барои ғолибон туҳфаҳои арзишманд пешбинӣ шудааст.