Гумонбар дар Душанбе ду афсари пулисро корд зада, фирор кардааст
Нарзуллоев Оятулло, сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми боздошт дар Душанбе ду афсари пулисро корд зада, фирор кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни амалиёт барои дастгир намудани Нарзуллоев Оятулло, дар назди меҳмонхонаи «Сино»-и кӯчаи Бухорои Душанбе ӯ ба кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ, подполковники милитсия Саидов Боймаҳмад ва капитани милитсия Саидазимов Фарух ҳамла намуда, бо корд онҳоро маҷруҳ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки фироркарда, муддати дароз дар Душанбе ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон машғул буда, аз ҷои амалиёт 4 килою 682 грамм маводи «героин» ва 3 килою 474 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан амалиёти оперативӣ ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани Нарзуллоев Оятулло идома доранд.