Худдории ВАО-и ҳукуматӣ аз гирифтани ҷоизаи идонаи ҲНИТ
Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд мегӯяд, намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ аз иштирок дар чорабинии ин ҳизб бахшида ба 102-солагии матбуоти тоҷик худдорӣ кардаанд.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 12 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин маҳфили онҳо, ки ба хотири қадрдонӣ аз рӯзноманигорони вилоят ташкил шуда буд, танҳо намояндагони ВАО-и мустақилу хориҷӣ омадаанд.
Ба гуфтаи Ёқубов, ба ин чорабинии онҳо, ки рӯзи 12 март дар бахши суғдии ҲНИТ баргузор шуд, беш аз 30 нафар намояндагони ВАО-и мустақилу ҳукуматии кишвар даъват шуда буданд: “Танҳо ҳамон 15 нафар аз рӯзноманигорони мустақил омаданд ва намедонем ҳукуматиҳо барои чӣ сарфи назар карданд, даъвати моро.”
Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, тамоми рӯзноманигорони ҳузурдошта бо туҳфаҳои хотирмону ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Ёқубов гуфт, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ танҳо қадрдонӣ аз заҳмати рӯзноманигорони тоҷик буд, ки дар густариш ва нумуи фарҳанги миллат саҳм мегузоранд: “Ин дафтари ҲНИТ бо ҳама табақоти ҷомеъа, аз ҷумла бо хабарнигорон фаъолият ва ҳамкории наздик дорад ва дар ин замина онҳоро нисбат ба Рӯзи матбуот табрик кард.”