Раиси Хуҷанд дар Наврӯз 100 деги суманак мегузорад
Роҳбарияти ҳукумати шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, имсол зимни таҷлили Наврӯз 100 деги суманак гузорад.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, соли равон ҳукумат барои 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд 1 тонна гандум тақсим кардааст, то дар арафаи ҷашни Наврўз, сар аз 18-уми март дар 100 дег суманак пазанд.
Гуфта мешавад, ба ҳар маҳалла, ки 4-5 дегӣ рост меояд, ҳезуму равған ва орд ба таври ройгон дастрас мешавад.
Маросими имсолаи таҷлили Наврўз дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар назар аст, ки дар доираи он озмунҳои «Беҳтарин дастурхон», «Беҳтарин оши палов», «Беҳтарин ошпаз» ва амсоли инҳо баргузор мегардад.