Сиёсатшинос: Изҳороти Жириновский оиди зертобеи Русия шудани Осиёи Миёна тасодуфӣ нест (ВИДЕО)
Табилдӣ Акеров, сиёсатшиноси маъруфи қирғиз дар шарҳи изҳороти ахири Владимир Жириновский, ноиби раиси парлумони Русия оиди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба "Озодагон" гуфт, пушти Жириновский мақомоти Русия ва раисиҷумҳур Владимир Путин меистад.
Акеров муътақид аст, ки изҳороти Жириновский тасодуфӣ набуда, ҳадафноканд ва ӯ дурнамои мақсадҳои геополитикии Русияро баён доштааст.
Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, бегоҳи 23-юми феврал, зимни баромадаш тариқи шабакаи телевизионии «Россия 24» ба ҳаводиси Украина дахл карда, таъкид намуд, ки он ба сифати округи Малорусия ва Осиёи Миёна низ ба сифати округ ба тобеияти Русия дароварда шаванд. Ӯ дар дақиқаи 23-юми баромадаш ба масоили Осиёи Марказӣ низ дахл карда, гуфт кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро мо худамон фикр карда сохтем: “Бояд округи Осиёи Марказӣ бо марказаш дар Верний, ки ҳозир номи бегона, Алматоро дорад, дар ҳайати Русия ташкил карда шавад.”
Акеров мегӯяд, ин изҳороти Жириновский дастдарозӣ ба мустақилияту истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, аммо чун роҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дастнигари Русияанд, иқдомеро алайҳи чунин изҳороти таҳқиромез роҳандозӣ намекунанд: “Агар сари қудрат дар Осиёи Марказӣ нерӯҳои ватандӯст мебуданд, дар пайи чунин изҳороти таҳқиромез масъалаи ҳузури низомиёну худдорӣ аз ҳамоиш бо ин кишварро ба миён мегузоштанд.”
Ин сиёсатшинос таъкид намуд, ки Жириновскии “миллатгаро” лоиҳаи махсуси мақомоти Русия аст, ки дар бисёри ҳолатҳо ҳадафҳои стратегию геополитикии Русияро баён мекунанд.