Пешсафии мансабдорони Суғд дар тоҷикӣ намудани насаб
Мақомдорони вилояти Суғд дар маъракаи тоҷикӣ кардани ному насаб, ки аз аввали соли равон густариш ёфтааст, дар сафи пеш қарор доранд.
Тавре Муқаддам Ҳошимова, мудири Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, ба “Озодагон” гуфт, то ҳол тақрибан раисони ҳамаи шаҳру навоҳии шимоли кишвар насабашонро тоҷикӣ кардаанд, ба истиснои раисони навоҳии Истиқлол, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов, ки феълан тағйири номи онҳо ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.
Манбаъ дар қатори мансабдорони Суғд, ки то ҳол ному насабашонро миллӣ кардаанд, аз ҷумла номбар кард:
Рустам Ғиёсов – раҳбари Дастгоҳи ҳукумати Суғд ба Рустам Раҳматулло
- Раиси шаҳри Хуҷанд аз Раҷаббой Каримов ба Раҷаббой Аҳмадзода;
- Раиси шаҳри Истаравшан аз Иброҳим Абдуллоев ба Иброҳими Абдуллозода;
- Раиси шаҳри Исфара аз Даврон Зоҳидов ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир;
- Раиси шаҳри Конибодом аз Нўъмон Юлдошев ба Нўъмон Обидзода;
- Раиси шаҳри Қайроққум аз Худойназар Юлдошев ба Амонзода Худойназар;
- Раиси шаҳри Панҷакент аз Хисрав Абдуназаров ба Хисрави Абдуназар;
- Раиси шаҳри Чкалов аз Рухсора Каримхўҷаева ба Давлатзода Рухсора;
- Раиси ноҳияи Айнӣ аз Неъматулло Иноятов ба Раҳматуллозода Неъматулло;
- Раиси ноҳияи Ашт аз Азимбой Азизов ба Азизи Азимбой;
-Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Самадҷон Сатторов ба Абдусамад Маннонзода;
- Раиси ноҳияи Ғончӣ аз Зуфар Исмоилов ба Исмоилзода Зуфар;
- Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз Сўҳроб Охунов ба Сўҳроб Охунзода;
- Раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода;
- Раиси ноҳияи Шаҳристон аз Найим Муқумов ба Набизода Найим
Дар ҳамин ҳол Муқаддам Ҳошимова мегӯяд, то имрўз барои тағйири насаби худ ҳудуди 1700 нафар муроҷиат кардаанд, ки бисёри онҳоро мақомдорон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ ташкил медиҳанд.
Мақомдорони кишвар баъд аз интиқоди Шерхон Салимзода, додситони кулл, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки тоҷикӣ накардани насабро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида донист, дарҳол ба тағйири насабашон гузаштанд.
То ҳол бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Бег Зуҳуров (Бег Сабур), раиси Хадамоти алоқа, Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, Бахтиёр Худоёров (Бахтиёр Худоёрзода), раиси дастгоҳи иҷроияи президент, Шарифхон Самиев (Шариф Самӣ), собиқ раиси Қӯрғонтеппа, Гавҳар Шарофова (Гавҳар Шарофзода), раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Нусратулло Салимов (Нусратулло Файзулло) насаби худро иваз кардаанд.
Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад.