Эшони Нуриддин дар бораи фейк ё номҳои дурӯғин дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Эшони Нуриддин, руҳонии саршиноси тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ворид шудани корбарони интернет бо номҳои дуруғин ба шабакаҳои иҷтимоиро аз нигоҳи Ислом нораво хондааст.
Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли торнамои Turajon.org, гуфтааст, “зоҳир шудани мард дар интернет ба номи зан ё зан бо номи мард ҷоиз нест, чун ин амал дуруғ ва фиребкорӣ маҳсуб мешавад.” Ӯ дар идома аз суханони паёмбар (с) иқтибос оварда, таъкид мекунад,“дар ҳадисҳои саҳеҳ лаънат фиристода шудааст, ба занҳое, ки худро ба мардон ва мардоне, ки худро ба занҳо монанд мекунанд.”
Эшони Нуриддин дар шарҳи гуфтаҳояш, афзудааст, “ба эҳтимоли қавӣ, ҳар вақт марде аз номи зан суҳбат мекунад калимаҳо ва лафзҳоеро истифода мебарад, ки хосси занҳо аст, пас худро бо ин амалаш ба занҳо монанд кардааст ва албатта ҳукми он дар боло оварда шудааст.”