Киев аз ИМА ва Бритониё кумаки ҳарбӣ хостааст
Парлумони Украина ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир ва Русия ҳамчун кишварҳои кафили тамомияти марзии ин кишвар, ки меморандуми Будапештро дар соли 1994 имзо кардаанд, муроҷиат кардааст. Дар ин бора Бӣ-бӣ-сӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти Радаи олӣ гуфта мешавад, ки дар пайи ба Қрим ворид шудани неруҳои ҳарбии Русия, вазъ дар ин нимҷазира дар ҳоли бадтар шудан аст.
Бо ёдоварӣ ба кафолати гирифтаи Киев бар ивази даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ, Украина аз Лондон ва Вашингтон даъват кардааст, ки барои таъмини тамомияти марзии кишвар, чораҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бияндешанд.
ИМА, Бритониёи Кабир ва Русия дар соли 1994 зери меморандуме имзо гузошта, бар ивази аз силоҳи ҳастаӣ даст кашидани Киев, кафили амнияти Украина шуданд.