Ванҷ: Пули чорум аз болои рӯди Панҷ мавриди истифода қарор гирифт
Сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки райисҷумҳур ва намояндагони баландпояи ҳукумати давлати Исломии Афғонистон пули азиме дар болои рўди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ифтитоҳи ин пул, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рўди Панҷ дар ин мавзеъ гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки лоиҳаи бунёди ин пул дар асоси қарордоди сеҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Созмони рушди Оғохон татбиқ гардидааст. Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна арзёбӣ мегардад. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Гуфтанист, пули мазкур имкон медиҳад, ки зиёда аз 70 ҳазор аҳолии тоҷику афғон аз ду соҳили рўди Панҷ миёни ҳам робитаҳои мустақими нақлиётию тиҷоратӣ ба роҳ монда, сатҳи зиндагии худро беҳтар созанд. Бино ба қавли масъулин аз ду ҷониби пул дар хоки Тоҷикистон ва Афғонистон бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол мегарданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нуқтаҳои санҷишии сарҳадбонону кормандони гумрук бунёд ёфта, бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису нзорат муҷаҳҳаз гардидаанд. {jathumbnail off}