«Пешгирии коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда».
Таҳти чунин унвон имрӯз дар бинои табъу нашри мавсум ба «Шарқи Озод» мулоқоти намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Зимни он аз ҷониби намояндагони ВАО таклифу пешниҳодҳои зиёде ба миён гузошта шуд, ки масъулини агентӣ онҳоро қобили қабул унвон карданд.
Алӣ Иброҳим Саидзода, муовини сардори раёсати пешгирии коррупсияи ниҳоди мазкур дар мубориза бо фасод, танҳо нақши мақомотҳоро нокифоя хонда, афзуд, ки дар ин масъала мардуми кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ нақши муассир дошта метавонад.