Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо пулҳои қалбакӣ
Мақомоти пулиси Екатеринбург бо иттиҳоми марбут ба пулҳои қалбакӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст.
Дар иттилояи раёсати умури дохилии вилояти Свердлов гуфта мешавад, ки боздоштшудагон тариқи яке аз терминалҳо дар ҳаҷми беш аз 100 ҳазор рубл, пули қалбакиро интиқол додаанд ва талош кардаанд, дар мағозаи озуқа бо пулҳои қалбакӣ харид кунанд.
Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ аз ин шаҳрвандон 21 адад пули 5 ҳазор рублии қалбакӣ мусодира шудааст.