Дар Узбакистон акнун мансабдорон бидуни иҷозаи Ислом Каримов ҳаққи убури марзро надоранд
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ба ҳамаи аъзои ҳукумат, раҳбари Хадамоти амнияти миллӣ ва дигар мансабдорон бидуни иҷозаи вай ба хориҷи кишвар рафтанро манъ кардааст.
Торнамои uznews.net менависад, ки акнун барои берун аз марзи Узбакистон рафтани аъзои ҳукумат, дастгоҳи президент, сенат ва ҳатто раҳбарияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фондҳо розигии шахсии Каримов лозим аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд номи қарори имзогузоштаи Ислом Каримов “Оид ба чораҳо барои беҳбудии сафари мақомдорон ба хориҷи кишвар” аст, аммо мисли ҳар амру фармони дигари Узбакистон ном ба мазмуни он мухолифат дорад.
“ВАО-и расмӣ феҳрасти мансабдоронеро, ки бидуни розигии президент наметавонанд бо сафари хидматӣ ба хориҷӣ кишвар бираванд, нашр кард. Ҳамчунин расонаҳо рӯйхати мақомдорони сатҳи поёниро чоп карданд, ки бе иҷозаи дигар мақомот ҳаққи сафарро нахоҳанд дошт. Дар қарор гуфта мешавад, ки сафарҳое, ки мувофиқа нашудаанд, ҷазои ҷиноятӣ дар пай хоҳанд дошт”,-навиштааст сомона.
Uznews.net феҳрасти мансабдоронеро ҳам овардааст, ки барои ба сафари хидматӣ берун аз марзи кишвар рафтанашон розигии махсуси президент лозим аст:
1. Сарвазир ва муовинони ӯ;
2. Раҳбари Сенати Маҷлиси олӣ (парлумон);
3. Раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси олӣ ва муовинҳои вай;
4. Мушовирони давлатии президент, котиби Шӯрои амнияти назди президент, раҳбари бахши идоракунии дастгоҳи президент, раҳбарони дигар мақомоти дастгоҳи президент ва муовинҳои онҳо;
5. Кормандони масъули дастгоҳи президентва дастгоҳи Шӯрои амнияти назди президент;
6. Ректори Академияи идораи давлатии назди президент;
7. Директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақаии назди президент;
8. Директори Институти мониторинги қонунгузории ҷории назди президент;
9. Раҳбари Комиссияи олии интихоб оид ба интихоб ва тавсия ба мақоми судяҳои назди президент;
10. Омбудсмен;
11. Раҳбари Комиссияи марказии интихобот;
12. Раҳбари идораи Бонки марказии Узбакистон ва муовинҳои ӯ;
13. Раиси Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва муовинҳои онҳо;
14. Вазирон ва раҳбарони кумитаҳои давлатӣ ва муовинҳои онҳо;
15. Раҳбари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва муовинҳои он;
16. Прокурори генералӣ, муовинҳояш, раҳбари Департамент оид ба мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва қнунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ;
17. Раҳбари дастгоҳи иҷроияи кабинаи вазирон;
18. Раис, муовинҳо ва кормандони масъули Палатаи ҳисоб;
19. Президенти Академии илмҳо;
20. Директори Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
21. Раҳбари Мактаби олии таҳлили стратегӣ;
22. Раҳбари иҷроияи Фонди президент – “Истеъдод”;
23. Директори иҷроияи Фонди таҷдид ва рушди Узбакистон;
24. Раҳбари Жокаргы Кенесаи ҷумҳурии Қарақалпокистон, раҳбари Шӯрои вазирони ин ҷумҳурӣ;
25. Раҳбарони вилоят ва шаҳри Тошканд;