Ҷоизаи Вазорати фарҳанг ба “Озодагон”
Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми март дар ҳамоиши бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе ба як қатор нашрияҳо ҷоиза супоридааст.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маросими таҷлили рӯзи матбуоти тоҷик хабар дод, ҷоизаи Вазорати фарҳангро аз ҷумла ҳафтаномаи “Озодагон”, “СССР”, “Миллат”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум” ва “Халқ овозӣ” гирифтаанд.