Аризаатро навис! Баҳси раис бо коргар дар Ваҳдат
Зулайхо Шарипова, раиси занон ва хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосити ноҳияи Ваҳдат, иддао дорад, ки Абдумаҷид Аҳмадов, раиси ҷамоат, ба фаъолияти кории ӯ монеаҳо мегузорад.
Шарипова 11 март бо “Озодагон” тамос гирифта ва гуфт, раиси ҷамоат ба ӯ амр додааст, ки аризаи аз кор озод шуданро нависад ва бе ягон далел ӯро дашном дода аз кор пеш кардааст. “Ҳеҷ намефаҳмам, ки барои чӣ ӯ бо ман чунин муносибати дурушт мекунад. Ҳар рӯз як муовинашро иваз мекунад. Аввал ин, ки аз кор рафтану омадани ман аз вай вобаста нест. Роҳбари бевоситаи ман раиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ваҳдат аст, ки мегӯяд, аризаи аз кор рафтанамро ӯ бояд имзо кунад, на раиси ҷамоат. Раиси шуъба гуфт, аз корам розӣ ҳаст. Аммо раиси ҷамоат мегӯяд, ки “агар ҳаминҷо биёӣ пойатро мешиканам”, - афзуд Шарипова.
Зулайхо Шарипова мегӯяд, ба раиси ноҳияи Ваҳдат аз болои раиси ҷамоат аризаи шикоятӣ навиштааст, аммо аризаашро нарасондаанд: “Чанд маротиба ба қабули раиси ноҳия рафтам, аммо дар қабулгоҳ ва муовинонаш ба ман иҷозати даромаданро надоданд. Дигар намедонам арзамро ба кӣ гӯям?”
Абдумаҷид Аҳмадов, раиси ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосити шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки асоси аз кор пеш кардани Шарипова ин аст, ки ӯ интизоми меҳнатиро риоя накардааст: “Зулайхо дар соатҳои корӣ дар ҷои кораш набуд. Супоришҳоро медодем, аммо ӯ чӣ хеле, ки ба худаш маъкул буд, ҳамон хел иҷро мекард. Бо колективи ҳамкорон чӣ хеле, ки мехост муносибат мекард, чуноне ки худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ман чанд бор фаҳмондам, вазифаи худашро иҷро кунад аммо гӯш накард.”