Дар Рӯзи матбуоти тоҷик боз як сомонаи журналистӣ фаъол шуд
Имрӯз, 11 март теъдоди сомонаҳои тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки кори журналистӣ анҷом медиҳанд, ба як адад афзуд. www.ormon.tj-ро муассисонаш як сайти хабарӣ-иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд.
Ин сомона ба ташкилоти ҷамъиятии "Ормон" таалуқ дорад, ки дар ҳамин авохир сабти ном шуд. Ёқуби Саид, раҳбари ин созмон ба “Озодагон” гуфт, “маводи сомонаи “Ормон” бештар дар шакли чандрасонаӣ таҳияву пахш мешавад: “Сомона ба инъикоси мавзуҳои иҷтимоӣ авлавият медиҳад”.