Зокиров аз хизматрасонии Қудратов ва Табаров даст кашидааст
Фахриддин Зокиров, вакили боздоштшуда, аз хизматрасонии вакилони дифоъ Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, ки дар гузашта якҷоя ҳимояти Зайд Саидовро ба уҳда доштанд, даст кашидааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, яке аз вакилони нави Фахриддин Зокиров хабар дода, афзуд, баробари ӯ ба ҳимояти Зокиров инчунин Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Амиралиев ҷалб шудаанд. Салихов афзуд, ки аллакай аризаи Зокиров дар бораи даст кашидан аз хидмати Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шудааст.
Дар мавриди иқдоми минбаъдаи вакилони нави Фахриддин Зокиров, Мавлудҷон Салихов илова намуд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои қарори додгоҳи Фирдавсӣ дар мавриди ҳабси думоҳа ба додгоҳи Душанбе шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.
Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.