Ҳамдардии Кабирӣ дар робита ба марги Муҳаммадқасим Фаҳим
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли нома ба унвони Ҷалолатмаоб Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро барои кулли мардуми Афғонистон тасаллият гуфтааст.
Раиси ҲНИТ дар ин номаи худ, навиштааст, “бо қалби пур аз ғаму андӯҳ, мусибати даргузашти бародари муборизу муҷоҳиди роҳи Худо , моршол Соҳиб Фаҳимхон Муҳамадиқасимро ба Шумо ва миллати қаҳрамони Афғонистон, аз ҷумла хонаводаи марҳум тасаллият ва тааззӣ арз менамоям.”
Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, ки ахиран ба ҳайси ноиби аввали раисиҷумҳури исломии Афғонистон ифои вазифа мекарду яке аз пешвоёни тоҷикони ин кишвар маҳсуб мешуд, рӯзи 9 март аз дунё даргузашт. Далели марги ӯ аз кор мондани қалбаш гуфта мешавад. Дар робита ба даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим ҳукумати Афғонистон се рӯз мотам эълон карда шудааст.
Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим соли 1957 дар Панҷшер ба дунё омадааст. Вай то ин дам аз чанд сӯиқаcд, ки гуфта мешавад Толибон анҷом додаанд, ҷон ба саломат бурда буд. Муҳаммадқасими Фаҳим дар баробари забони дарӣ, бо забонҳои арабию пашту низ ҳарф зада, ҳоло аз ӯ 12 фарзанд боқӣ мондааст.
Қарор аст, имрӯз 11 март ҷанозаи ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар Кобул ба хок супурда шавад.