ICJ ба ҳукумати Тоҷикистон: Қудратро барои тарсондан кор набаред!
Комисюни байналмилалии ҳуқуқшиносон, ICJ, бо пахши як баёния аз ҳабси Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ, Зайд Саидов изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, қудратро барои тарсондани вакилони дифоъ кор набарад.
ICJ бо зикри он, ки ҳабси Зокиров эҳтимол ба фаъолияти касбияш рабт дорад, ин ҳолатро маҳкум карда, таъкид намудааст, ки тарсондану фишор болои адвокатҳо мунсифона будани низоми ҳуқуқиию волоияти қонунро дар Тоҷикистон зери суол мебарад ва зидди меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шаби 7 март ба боздошт ва нигоҳдории Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, то ду моҳи оянда дар ҳабс иҷоза додааст. Додрас Акрамов ҳангоми қироати қарори худ гуфтааст, дар тӯли ду моҳе, ки Зокиров дар боздошт ба сар мебарад, бояд парвандаи ӯ таҳқиқ шавад.
Аммо ҳимоятгарони Фахриддин Зокиров қарор дар бораи ҳабси думоҳаи ӯро ғайриқонунӣ хонда, таъкид доранд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои он ба Додгоҳи Душанбе шикоят хоҳанд бурд ва лағви онро талаб хоҳанд кард.