Душанбе аз созиши нав бо Чин воридоти 3 миллиард $-ро интизор аст
Ширкати миллии нафту гази Чин бо “Тоҷиктрансгаз” қарордод дар бораи ташкили корхонаи муштаракро имзо кардаанд, ки ба идораи қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон-Чин машғул хоҳад буд.
Тибқи иттилои ширкати чинӣ асоснокии техникию иқтисодии ин лоиҳа анҷом ёфта, оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии он охирҳои соли равон дар назар аст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар шаҳри Бишкек оид ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон созишнома бастанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва дар назар аст, тариқи он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад: “Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.”