Донишмандони Қазоқистон: Қазоқ ели аз “истон”-и форсӣ дида наздиктар ва фаҳмотар аст
Донишмандони Қазоқистон аз тағир додани исми кишвар пуштибонӣ карда мегӯянд, дар чунин сурат тамоми ҷаҳон қазоқҳоро хоҳанд шинохт.
Ба иддаои таърихшиносон масъалаи тағири номи кишвар мавзӯи нав нест. Ҳанӯз дар оғози касби истиқлолият идеяи мазкур пайдо шуд, аммо он замон, ки баъди суқути Шӯравӣ кишвар ҳоли харобе дошт, ба тағири ном таваҷҷуҳи бештар нашуд,-хабар медиҳад агентии иттилоотии “Хабар”.
Ба иттилои манбаъ, бо гузашти 20 сол ин мавзӯъ аз нав доғ шуд. “Номи Қазоқ ели аз таърих маншаъ гирифта, барои мардуми қазоқ аз Қазоқистон, ки суфикси бегонаи “истон”-и форсӣ дорад, наздиктар ва фаҳмотар аст”,-навиштааст “Хабар” аз нақли донишмандони кишвар. Гузашта аз ин тағири номи кишвар пешниҳоди президент Нурсултон Назарбоев аст.
Назарбоев моҳи феврали соли ҷорӣ зимни боздид аз мактаби Атирау пешниҳод кард, ки пасванди “истон” аз номи Қазоқистон лағв шавад. Назарбоев изҳор дошт, ки “дар номи кишвари мо пасванди “истон” чун дар номи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки хориҷиён бештар ба Монголия таваҷҷуҳ доранд, ки ҳамагӣ 2 миллион аҳолӣ дораду дар номаш пасванди “истон” нест. Шояд вақти он расидааст, ки мо сари тағири номи кишварамон ба “Қазоқ елӣ” (кишвари қазоқҳо) фикр кунем. Аммо пеш аз ҳама зарур аст, ки ин масъаларо бо мардум дар миён гузорем”.
Ма¬ди¬на Ана¬фи¬но¬ва номзади илмҳои фи¬ло¬ло¬гӣ ба “Хабар” гуфтааст, “давоми ин 20 сол таърих нишон дод, ки пре¬зи¬дент идеяҳои ҳаётан муҳимро пешниҳод мекунад. Вақте президент дар ин бора гуфт, пас зарурати онро дар ин 20 сол эҳсос кардааст. Мо мухолифи ба “Селиноград” (Остона) гузарондани пойтахт будем, ёд доред? Мухолифи вожаи Остона будем, аммо ҳоло Остона дар тамоми ҷаҳон бренд аст”.