Маслиҳати Шарифзода барои “гурез”-и матбуот аз фишору монеаҳо
Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо пахши як паёми табрикӣ тамоми мардуми кишварро бо 102-юмин солгарди матбуоти тоҷик табрик намуда, ба аҳли эҷоду истеҳсоли соҳа фаъолияти муассирро таманно кардааст.
Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, бо зикри нахустрӯзномаи тоҷик, “Бухорои шариф”, ки ба ифтихори зодрӯзи он ҳамасола 11 март чун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад, афзудааст: “Матбуоти даврии мо бо арҷгузорӣ ба анъанаву суннатҳои пешгузаштагони хеш, имрӯз дар амри таҳкими давлатдории навин, тарбияи эҳсоси ватандорӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ, мусоидат ба ташаккулу рушди равандҳои демократисозии ҷомеа, чун оинаи шаффофи рўзгори мардум хидматгузорӣ дорад.”
Шарифзода таъкид намудааст, ки бо вуҷуди фароҳам будани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию эҷодии озодии сухан дар кишвар, садду монеаҳое барои фаъолияти озоди расонаҳо ҳанӯз зиёданд: “Эҷоди маҳдудият дар дастрасӣ ба иттилоот, фишору таъқиби журналистон, қазияҳои судии давомдор, баҳри татбиқи ин озодиҳо ҳамоно аз мушкилоти матбуоти даврӣ ҳастанд."
Дар чунин шароит раиси Шӯрои ВАО риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро аз омилҳои муассири истифода аз озодии сухан ва эътирофу соҳибэҳтиром гардидани нашрияҳо арзёбӣ намудааст.