Шикоят аз болои ҳукми ҳабси Фахриддин Зокиров
Ҳимоятгарони Фахриддин Зокиров қарор дар бораи ҳабси думоҳаи ӯро ғайриқонунӣ хонда, таъкид доранд, ки рӯзи 11-уми март аз болои он ба Додгоҳи Душанбе шикоят хоҳанд бурд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакилони дифои Фахриддин Зокиров, дар суҳбат ба “Озодагон” қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавӣ дар бораи ҳабси думоҳаи Фахриддин Зокировро ғайриқонунӣ хонда, афзуд, ки аз Додгоҳи Душанбе лағви онро талаб мекунанд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шаби 7 март ба боздошт ва нигоҳдории Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, то ду моҳи оянда дар ҳабс иҷоза додааст. Додрас Акрамов ҳангоми қироати қарори худ гуфтааст, дар тӯли ду моҳе, ки Зокиров дар боздошт ба сар мебарад, бояд парвандаи ӯ таҳқиқ шавад.
Ин вакили мудофеъ шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидов, рӯзи 7 март бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ хонда, афзуданд, ин як навъ “қасос”-и роҳбари ин ниҳод аз вакилони Зайд Саидов мебошад.