Дидгоҳ аз Малайзия ба ҳавопаймоҳои “солхӯрда”-и Тоҷикистон
Абдулазиз Муҳаммадӣ, донишҷуи соли дуввуми соҳаи технологияи Донишгоҳи байналмилалии Малайзия
Имрӯзҳо дар Малайзия, Чин ва якчанд кишварҳои дигар қариб ки мотам аст. Яке аз ҳавопаймои ширкати Малайзия-Айрлайнс дар вақти парвоз аз шаҳри Куала Лумпури Малайзия ба шаҳри Пекини Чин баъди як соати парвоз дар болои баҳр нопадид шуда, алоқаи ҳавопаймо бо фурудгоҳ ва маркази ҷаҳонии радар канда шудааст. Таи ду руз аст, ки 40 киштӣ ва 22 чархбол аз чандин кишварҳои ҷаҳон (аз FBI-и ИМА низ) барои кумак дар ҷустуҷу ҳастанд вале хабаре нест аз он ҳавопаймои рейси MH370-и Малайзиягӣ. Дар дохили ҳавопаймо 227 мусофир ва 12 корманд буданд ва аз байни онҳо 5 кудак низ. Бештари мусофирон шаҳрвандони Чин буданд, боқимонда шаҳрвандони 12 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Русия 1 нафар ва Амрико низ 3 нафар.
Вақте ин хабарро шунидам аввалин шуда маълумот дар бораи он мусофиронро ҷустам, ки шукри Худо ягон нафар аз Тоҷикистон набуд, ҳарчанд донишҷуёни тоҷик бо ин хатсайр ба ватан рафта меомаданд. Вале чинӣ аст, малай аст вақте дарду гиряу фарёди наздикони мусофиронро аз интернет мебинем, мо низ новобаста аз дину нажоди онҳо ҳамон дардро ҳис мекунем, ҳарчанд зиёда аз 20 нафари онҳо мусалмон низ буданд. Дар ҳаққи ҳамаи он мусофирон бо садҳо донишҷу дар масҷид намоз гузоштем ва дуо кардем.
Ширкати Малайзия-Айрлайнс, яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон аст, ки аз соли 1947 фаъолият мекунад ва дорои 104 ҳавопаймо аст. Умри миёнаи ҳавопаймоҳои ин ширкат 6 сол аст. Ҳарчанд ин ширкат солҳои гузашта даҳҳо ҳавопаймоҳои нав, ва худи ҳамин сол 4 ҳавопаймои нави Боингро харида, ба истифода дода буд. Вале бинобар гуфтаи баъзе хабаргузориҳо сабаби ин фоҷиа дар мушкили техникӣ доштан ва куҳна будани он ҳавопаймо аст, баъзеи дигар менависанд камаҳамият будани худи ҳамин ширкат дар солҳои ахир дар хидматрасонӣ аст, гуруҳи дигар меафзоянд, эҳтимоли ҳамлаи террористӣ низ ҳаст. Вақти умри он ҳавопаймои нопадидшударо дидам, ҳамагӣ 12 сол хидмат расонда будааст ва дарҳол фикрам ба умри ҳавопаймоҳои ватанӣ рафт ва ҷустуҷӯ кардам.
Умри миёнаи худи ширкати “Тоҷик-эйр”-амон 20 сол аст ва 7 ҳавопаймо барои кашондани мусофирон байни кишварҳо ҳоло фаъолият мекунад, ки навтарини он (Boeing 737-4Q8) 16 сол умр дорад. Дар ҳоле, ки “Yak-40” ва “An-28”-ҳо солҳои 1966-1969-и замони шӯравӣ сохта шудаанд. Ҳавопаймоҳои ширкати “Ист-эйр”-амон, ки худи ширкат 2007 ташкил шудааст 7 адад мебошад, вале умри миёна мутаассифона 25 аст, ки навтарини он “Airbus A320-231” 20 сол умр дорад. Ширкати “Сомон-эйр”-амон, ки ҳарчанд 2 адад ҳавопаймои куҳнаи бо номи “Nusratullo Makhsum” ва “Mirzo Tursunzoda” мусофир мекашад яке 25 солу дигаре 21 сол умр дорад, вале умри миёнаи худи ширкат бо 6 адад ҳавопаймо 10 солро ташкил медиҳад.
Умри миёна ширкати кишвари ҳамсоя аз ҷумла “Turkmenistan-Airlines” бо 25 адад ҳавопаймо 9 солро ташкил мекунад, ширкати “Uzbekistan-Airways” низ бо 30 адад ҳавопаймо умри миёнаи ҳавопаймоҳояш 9 сол аст. Умри миёнаи “Air Astana” -и қазоқҳо бо 31 адад ҳавопаймо 7 солро ташкил медиҳад.
Худованд ҳамаи моро аз офатҳо нигаҳ дорад, вале пешгирӣ пеш аз вуқуъи ҳар ҳодиса хуб аст. Мақсадам танқид ё таърифи ягон ширкати ватанӣ нест, ҳамчун як шаҳрванд якчанд маълумотро овардам ва аз масъулин хоҳиш мешавад аз ин гуна ҳодисаҳо дарс гирифта бошанд ва ислоҳот дар хидматрасониро беҳтар намоянд.
PS: Маълумот аз сомонаи олмонии planespotters.net ва википедияи англисӣ аст. Ҳарчанд барои тасдиқи маълумот, аз сомонаҳои худи ин ширкатҳои ватанӣ низ ҷустуҷу кардам вале ягон маълумот лозимиро наёфтам ва баъзеи аз ин ширкат дар ин аср ҳатто сомонаи интернетӣ надорад.